- нафас
- [نفس]а1. дами бо роҳи даҳону бинӣ ба дарун кашида ва боз баровардашавандаи инсон ё ҳайвон: нафас кашидан, нафас баровардан, нафас гирифтан; нафаси вопасин дами пеш аз марг, дами охирин; зиққи (тангии) нафас тиб. дарди сина (шуш), ки гирифтори он ба душворӣ нафас мекашад, зиққуннафас; то охирин нафас то дами охирин, то ҷон ҳаст; нафас ба дарун афтидан а) нафасгирӣ қатъ шудан; б) кин. тамоман хомӯш шудан, чизе нагуфтан; нафаси касеро гардонидан ба нафаскашӣ монеъ шудан; нафаси касе гаштан нафас гирифта натавонистан, нафасгардон шудан; нафас гирифтан а) нафас кашидан; б) нафас банд шудан; нафас сабук кашидан оромона нафас гирифтан; орому осуда шудан; нафас нигоҳ доштан а) нафас нагирифтан; б) кин. хомӯш шудан; нафаси рост гирифтан озодона, ба оромӣ нафас кашидан; нафас танг шудан // нафас тангӣ кардан нафас гаштан, дуруст нафас гирифта натавонистан; озод нафас гирифтан (кашидан) оромона нафас гирифтан, осуда шудан; то нафас боқист… то зинда ҳастам; нафас ях! дам набарор, хомӯш бош!2. маҷ. лаҳза, сония; нафасе лаҳзае, фурсати хеле кам; дар як нафас дар як лаҳза, дар як дам, лаҳзатан; як нафас як лаҳза3. маҷ. ҳаво◊ нафаси хунук сухани бад, гапи нофорам; нафаси бад кардан сухани бад гуфтан; нияти бад кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.